Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 9 фоиз кам шудааст

Август 16, 2016 08:54

 Душанбе, 16.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар 7 моҳи соли равон 348 ҳазору 267 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз кам мебошад. Аз ин шумора қариб 47 ҳазор нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти  сармутахассиси Шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рухшона Ёрмамадова, дар айни замон ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия 340 ҳазору 971 нафар,  ба ҷумҳурии Қазоқистон  7 ҳазору 296 нафар шаҳрвандони мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд.
Дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар бо корҳои шахсӣ, тиҷорат, саёҳат, сафари хизматӣ ва таҳсил 396 ҳазору 373 нафар шаҳрвандони мамлакат сафар намудаанд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз кам мебошад.
Дар ин муддат аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан 193 ҳазору 768 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз кам мебошад. Аз он 35 ҳазору 800 нафарро занҳо ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки баҳисобгирии рафти  шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 амалӣ карда мешавад.

Август 16, 2016 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!