Терроризм ҷиддитарин таҳдид ба суботу амнияти ҷаҳонист

Август 18, 2016 10:07

Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию тундрав ва дарки хатарҳои терроризму экстремизм дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, собиқадорон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷавонону падару модарон вохӯриҳои судманд баргузор мегарданд.
Дар  вохӯриҳо масъулин оид ба экстремизму терроризм, омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, хатарҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидкунандаи терроризми байналмилалӣ, нақши мақомоти қудратии кишвар дар пешгирии амалҳои террористӣ, хатарҳои ифротгароии динӣ ва дастовардҳои замони истиқлолият сухан гуфтанд.
Зимни вохӯриҳо пайваста таъкид мешавад, ки имрӯз ифротгароӣ ва терроризм ҷиддитарин таҳдид ба суботу амнияти ҷаҳониянд. Онҳо асосҳои маънавии ҷомеаро хароб карда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол ва ба ҷомеаи мутамаддин хатар эҷод мекунанд. Бинобар ин, дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар атрофи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ватани азизу маҳбубамонро ободу зеботар гардонанд.

Август 18, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад