Терроризм ҷиддитарин таҳдид ба суботу амнияти ҷаҳонист
Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию тундрав ва дарки хатарҳои терроризму экстремизм дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, собиқадорон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷавонону падару модарон вохӯриҳои судманд баргузор мегарданд.
Дар вохӯриҳо масъулин оид ба экстремизму терроризм, омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, хатарҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидкунандаи терроризми байналмилалӣ, нақши мақомоти қудратии кишвар дар пешгирии амалҳои террористӣ, хатарҳои ифротгароии динӣ ва дастовардҳои замони истиқлолият сухан гуфтанд.
Зимни вохӯриҳо пайваста таъкид мешавад, ки имрӯз ифротгароӣ ва терроризм ҷиддитарин таҳдид ба суботу амнияти ҷаҳониянд. Онҳо асосҳои маънавии ҷомеаро хароб карда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол ва ба ҷомеаи мутамаддин хатар эҷод мекунанд. Бинобар ин, дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар атрофи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ватани азизу маҳбубамонро ободу зеботар гардонанд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






