Тими маҳаллаи Ниводак ҷоми «Истиқлол»- ро ба даст овард
Хоруғ, 11.08.2016. /АМИТ«Ховар»/. Ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар миёни маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол баргузор гардид, ки дар он 16 тим ширкат доштанд.
Роҳбари Муассисаи давлатии «Кохи ҷавонон» Сураҷ Чоршанбиев иброз намуд, ки ин бор тимҳо на аз рӯи маҳалли зисти варзишгарон, балки мутобиқи салоҳияти ҳайати доварон таъсис дода шудаанд. Шарти асосии мусобиқа ин буд, ки дар ҳайати ҳар як тим намояндагони маҳаллаҳои мухталиф ҳузур дошта бошанд. Мухлисон низ дар ин бозӣ дар канори ҳам нишаста, аз тими дилхоҳ пуштибонӣ намуданд.
Ба гуфтаи роҳбари «Кохи ҷавонон» дар гузашта майдони бозӣ ва нишастгоҳҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, байни худ ва баъзан бо доварон низ баҳсу мунозира мекарданд. Ин шакли сабқатро агар дар дигар шаҳру деҳоти кишвар роҳандозӣ кунанд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Зеро ҳангоми баргузории ҳар як чорабинии варзишӣ мо ду ҳадафи асосӣ дорем. Яке бозёфти варзишгари беҳтарин ва дуввум ба ҳам васлу муттаҳид кардани ҷавонон аст. Аз вокуниши хуби ҷавонон нисбат ба шеваи баргузории сабқат дарк намудем, ки ба ҳардуи ҳадафи худ ноил шудем.
Дар бозии ниҳоӣ тими маҳаллаи Ниводак бар тими маҳаллаи Корхонаи нон бо ҳисоби 5:0 дастболо шуд ва Ҷоми «Истиқлол»- ро ба даст овард.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед зимни тақдими ин ҷом аз шеваи кори дастандаркорони сабқат ситоиш кард ва баён дошт, ки барои шомил шудани тими мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба лигаи аввали ҷумҳурӣ талош хоҳад кард, зеро ВМКБ ягона минтақаест, ки дар лигаи аввал ва лигаи олӣ дастаи худро надорад.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






