Тими мунтахаби ҷавонони 19- сола бар тими «Хуҷанд» пирӯз омад
Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба сабқати байналмилалӣ ба хотири ба даст овардани Ҷоми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки баргузориаш 6- 9 августи соли равон дар назар аст, тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар маркази илмӣ-тамринии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар Гулистони вилояти Суғд бо дастаи «Хуҷанд» вохӯрии санҷишӣ баргузор намуд.
Бозӣ бо пирӯзии тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки тӯбҳоро дар ин бозӣ Эҳсони Панҷшанбе ва Абдумалик Шодиев ба ҳадаф расониданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






