Тоҷикдухтар дар Амрико ғолиби бахши «Беҳтарин либоси миллӣ»-и озмуни Созмони Милали Муттаҳид гардид
Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳноз Эроншоҳ, намояндаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии озмуне, ки ҳафтаи гузашта дар ИМА таҳти унвони «Зебосанами СММ-2016» (Miss United Nations-2016) баргузор шуд, ғолиби бахши «Беҳтарин либоси миллӣ» гардид.
Даври ниҳоии озмун 12 августи соли равон дар иёлати Юта- Солт-Лейк Сити доир шуд, ки дар он 16 нафар духтарон аз давлатҳои гуногун ширкат варзиданд. Шоҳҷоиза — Тоҷ насиби намояндаи Италия гардид.
Либоси Шахноз ҳангоми баромад дар озмун аз камзӯл ва болопӯши махмалини зардӯзии тоҷикӣ иборат буд, ки онро ҳамдиёраш Зарина аз Тоҷикистон ва тарроҳ аз шаҳри Ню-Йорк омода намуда, тоқии миллии чоргулашро аз Душанбе хоҳараш фиристондааст.
«Бо Зарина хеле барвақт, то саршавиии озмун тарҳи ин либосро кашидем. Аз болои камзӯл болопӯши абрешимии зардӯзиро интихоб кардем, ки ба он ҳусни дигар зам кард»,- зикр намуд Шаҳноз Эроншоҳ.
Шаҳноз Эроншоҳ дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, дар 2- солагиаш оилаи онҳо ба вилояти Самараи Федератсияи Русия кӯч бастааст. Ӯ соли равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА коллеҷи Ню-Йорк (City College of New York)-ро бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хатм намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






