Тоҷикистон дар роҳи расидан ба кишвари саноатӣ қадамҳои устувор мегузорад

Август 5, 2016 11:33

 Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар/. Чор корхонаи бузурги саноатӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи 218 миллион доллари ИМА   сохта, ба истифода дода шуданд.
Корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори  истеҳсолии 1,2 миллион тонна семент ба маблағи беш аз 150 миллион доллар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ бо маблағи зиёда аз 17 миллион доллар дар ноҳияи Ёвон ва ду корхонаи ғанигардонии маъдан ва металлургӣ  дар шаҳри Ваҳдат бо маблағи наздик ба 50 миллион доллар аз ҳамин қабиланд.
Бояд тазаккур дод, ки корхонаҳои саноатии зикргардида аз ҷониби ширкатҳои «Хуаксин Семент», «Ху Чан Ғаюр Индастриал» ва «Пакрут» бунёд гардида, нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти  миллӣ, хусусан фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ табдил додани ҷумҳурӣ калон аст.
«Дар ин росто дар мавриди ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  созишномаи сармоягузорӣ»  ҳамкориро бо  11 ширкати  хориҷӣ  ба роҳ мондааст»,- мегӯяд Қодири  Қосим, раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки  дар ин самт лоиҳаи  созишномаҳои   сармоягузорӣ  таҳия гардидаанд, ки онҳо дар баррасии мақомоти марбутаи  давлатӣ қарор доранд.

Август 5, 2016 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад