Тоҷикистон ҷонибдори ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 3 август дар бинои Палатаи савдои ИМА бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорони ИМА мизи мудаввари тиҷоратӣ дар мавзӯи «Рушди имкониятҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ҳамкории минтақавии иқтисодӣ, ҷалби сармояи мустақими ИМА ба минтақаи Осиёи Марказӣ, бартараф намудани монеаҳо ва рушди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов доир ба се ҳадафи стратегии кишвар суханронӣ намуда, иброз дошт: «Тоҷикистон ҷонибдори ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ, рушди тиҷорат дар минтақа бо истифода аз зарфиятҳои мавҷудбуда мебошад».
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон таъмини пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ муайян намуда, барои фароҳам овардани муҳити солими сармоягузорӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






