Тоҷикистон тавассути иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи зиёд пайдо кард
Душанбе, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Маълум аст, ки Тоҷикистон тавассути иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи зиёд пайдо кард. Имрӯз зимни маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» меҳмонон чандин маротиба ин нуқтаро таъкид намуданд»,- гуфт Султон Раҳимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни иштирок дар Симпозиум.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб барои тоҷикистониён ин ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи худро муайян кардааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонӣ эътироф намудааст.
«Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавию миллӣ иқдомҳои зиёд дорад ва талошҳои пайваста мекунад, то ин масъала ҳаллу фасл гарданд. Симпозиуми байналмилалӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард, яке аз иқдомҳоест, ки талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам тақвият мебахшад. Ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт, ки аз соли 2005 то 2010 ҷараён дошт, натиҷаҳои хуб ба даст овард, вале бо назардошти он чолишҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд, мо ба ҳадафи худ пурра комёб нагаштем. Бо назардошти ин Президенти кишвар дар Форуми ҳафтуми вобаста ба об иброз намуданд, ки мо бояд он натиҷаҳои ноилгаштаро тақвият бахшем ва пешниҳод шуд, ки Даҳсолаи нав зери унвони «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад»,-илова намуд Султон Раҳимзода.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳоди Пешвои тоҷиконро қабул намуд ва ин иқдом боз як қадами иловагӣ дар он талошҳои пайвастаи кишвар дар ҳаллу фасли масъалаҳои об хоҳад гашт.








Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд






