«Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳар яки мо!»-ҳамоиши ҷавонон
Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳраки Восеъ аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳар яки мо!» ҳамоиши ҷавонон баргузор шуд.
Ҳозирин оид ба масъалаи муҳими рӯз-пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро изҳори ақида намуда, таъкид намуданд, ки таассуфовар аст, ки баъзе ҷавонони мо аз сабаби дониши паст ва надоштани маърифати сиёсӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд . Бояд мо ҷавонон ҳарчи зудтар пеши роҳи ин ҳодисаҳои номатлубро гирем.
Тасмим гирифта шуд, ки бо ин мақсад корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон тақвият бахшида, дар ҳалли мушкилоти онҳо кумакрасон бошем ва нагузорем, ки ҷавонони мо дигар ба сангараҳои ҷангҳои бемаънӣ афтода, ҷони ширини худро аз даст диҳанд.
Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов иброз намуд, ки баҳри созандагию ободкорӣ ҷавонон қувваи бузурганд ва метавонанд дар шукуфоии меҳани азизамон саҳмгузор бошанд. Мебояд ҳар як ҷавон баҳри рушду нумуи Ватани маҳбуби хеш сайъю талош варзад.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






