«Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳар яки мост!»-вохӯрӣ дар Балҷувон

Август 27, 2016 09:19

Балҷувон, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»  дар вилояти Хатлон ба хотири сазовор таҷлил намудани 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо доир мегарданд. Дар робита ба ин дар ноҳияи Балҷувон таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳар яки мост!» бо фаъолҷавонон вохӯрӣ доир  шуд.

Дар  он роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти  Хатлон Орзу Ҳамидов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Баҳриддин Боев, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Аҳрор Сангов вобаста ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, нақши ҷавонон дар таҳкими пояҳои истиқлолият, тарғиби худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон изҳори назар карданд.

Ҷавонон ваъда доданд, ки ҳамеша барои  созандагӣ ҷаҳду талош намуда, сазовори эътимод ва дастгириву ғамҳориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегарданд.

 

Август 27, 2016 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст