«Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳар яки мост!»-вохӯрӣ дар Балҷувон
Балҷувон, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон ба хотири сазовор таҷлил намудани 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо доир мегарданд. Дар робита ба ин дар ноҳияи Балҷувон таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳар яки мост!» бо фаъолҷавонон вохӯрӣ доир шуд.
Дар он роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Баҳриддин Боев, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Аҳрор Сангов вобаста ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, нақши ҷавонон дар таҳкими пояҳои истиқлолият, тарғиби худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон изҳори назар карданд.
Ҷавонон ваъда доданд, ки ҳамеша барои созандагӣ ҷаҳду талош намуда, сазовори эътимод ва дастгириву ғамҳориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегарданд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






