Тоҷикистону Аморот дар масъалаи супоридани маҳкумшудагон ҳамкорӣ менамоянд

Август 16, 2016 13:58

Душанбе, 16.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар масъалаи супоридани маҳкумшудагон ҳамкориро ба роҳ монда,  тақвият мебахшанд. Дар робита ба ин дар ҷаласаи нахустини Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон баррасӣ гардид.
Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар бораи ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишноми грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон», инчунин Созишнома оид ба идома додани кори Маркази байналмилалии илмию техникиро муҳокима намуданд.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон  дар бораи аҳамият ва мӯҳтавои масъалаҳои зикршуда ибрози намуда, қабули онҳоро барои рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.

Август 16, 2016 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад