То охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд

Август 12, 2016 09:23

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. То охири ҳафта  дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш боқӣ  монда, ҳарорати ҳаво 1-2 дараҷа поён хоҳад рафт.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 15 август дар  тамоми ноҳияҳои   Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда,  дар  баъзе ноҳияҳои минтақаи шарқӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Имрӯз, 12 август дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21-25, рӯзона 38-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 19-23, рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар буда,  ҳарорат  шабона 17-19, рӯзона 35-40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво  шабона 15-20 дараҷа, рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14-19, рӯзона 29-34;  дар шарқи ин вилоят шабона  4-9, рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Август 12, 2016 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад