То охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. То охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш боқӣ монда, ҳарорати ҳаво 1-2 дараҷа поён хоҳад рафт.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 15 август дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои минтақаи шарқӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Имрӯз, 12 август дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21-25, рӯзона 38-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 19-23, рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 17-19, рӯзона 35-40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 15-20 дараҷа, рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14-19, рӯзона 29-34; дар шарқи ин вилоят шабона 4-9, рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






