Толибилмони мактабҳои Суғд бо усулҳои эҳтиёт аз радиатсия шинос шуданд
Хуҷанд. 10.08.2016. /АМИТ«Ховар»/. Толибилмони мактабҳои вилояти Суғд оид ба хатар, зарар ва роҳҳои бехатарӣ аз радиасияро меомӯзанд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» ва маркази «Орхус» дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар доираи амаликунии қисмати иттилоотии лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид «Ҷалб кардани тарафҳои манфиатдор барои рӯпӯш намудани партовҳои радиатсионӣ дар Осиёи Марказӣ» барои толибилмони вилояти Суғд семинар-тренинг ва викторинаҳо доир намуданд, ки дар рафти ин чорабиниҳо иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои радиатсия, таъсири он ба одамон, воқеияти таърихӣ ва ҳодисаҳои ба радиатсия алоқадошта маълумоти бештар пайдо намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, чорабиниҳои мазкур бо иштироки беш аз 500 нафар толибилмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истиқлол гузаронида шуда, дар давраи ҷамъбастӣ хонандагоне, ки аз рӯи натиҷаи озмоиш интихоб шуда буданд, ширкат намуданд. Зимни силсила-тренингҳо ба хонандагон оид ба бехатарии радиатсионӣ ва ғизои яквақта маълумоти муфассал дода шуд. Ҳамчунин дар рафти викторина ба ҳар як иштирокчӣ оид ба савияи дониши онҳо саволу ҷавоб низ гузаронида шуд.
Дар ҷамъбаст аз рӯи натиҷаи викторина дар шаҳри Истиқлол мактаби № 6 ғолиб дониста, соҳиби сертификат ва 2 ҳазор сомонӣ маблағ шуд. Аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хонандагони мактаби №11-и ҷамоати деҳоти Fозиён дастболо шуданд. Онҳо низ бо сертификат ва 1 ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






