Толибилмони мактабҳои Суғд бо усулҳои эҳтиёт аз радиатсия шинос шуданд

Август 10, 2016 16:45

Хуҷанд. 10.08.2016. /АМИТ«Ховар»/. Толибилмони мактабҳои вилояти Суғд оид ба хатар, зарар ва роҳҳои бехатарӣ аз радиасияро меомӯзанд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» ва маркази «Орхус» дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар доираи амаликунии қисмати иттилоотии лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид «Ҷалб кардани тарафҳои манфиатдор барои рӯпӯш намудани партовҳои радиатсионӣ дар Осиёи Марказӣ» барои  толибилмони  вилояти Суғд семинар-тренинг ва викторинаҳо доир намуданд, ки дар рафти ин  чорабиниҳо иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои радиатсия, таъсири он ба одамон, воқеияти таърихӣ ва ҳодисаҳои ба радиатсия алоқадошта маълумоти бештар пайдо намуданд.
Тавре ба АМИТ  «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  иттилоъ доданд, чорабиниҳои мазкур бо иштироки беш аз 500 нафар толибилмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истиқлол гузаронида шуда, дар давраи ҷамъбастӣ хонандагоне, ки аз рӯи натиҷаи озмоиш интихоб шуда буданд, ширкат намуданд.  Зимни силсила-тренингҳо ба хонандагон оид ба бехатарии радиатсионӣ ва ғизои яквақта маълумоти муфассал дода шуд. Ҳамчунин дар рафти викторина ба ҳар як иштирокчӣ  оид ба савияи дониши онҳо саволу ҷавоб низ гузаронида шуд.
Дар ҷамъбаст аз рӯи натиҷаи викторина дар шаҳри Истиқлол мактаби № 6 ғолиб  дониста, соҳиби сертификат ва 2 ҳазор сомонӣ маблағ шуд.  Аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  хонандагони мактаби №11-и ҷамоати деҳоти Fозиён дастболо шуданд. Онҳо низ бо сертификат ва 1 ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд.

Август 10, 2016 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад