Трамп пешниҳод кард, ки барои мубориза бар зидди ДИИШ иттиҳоди ИМА ва Русия таъсис дода шавад
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Номзад ба президентии Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп изҳор дошт, ки ба ҷои ҳавола сохтани Маскав ба ҳамкории зич бо Чин, аз ғояи таъсиси як иттиҳод бо Русия барои мубориза бар зидди гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дастгирӣ мекунад.
«Оё беҳтар нест, агар ИМА дар якҷоягӣ бо Русия ДИИШ-ро шикаст диҳад?», — иқтибос меорад РИА Новости аз суханони Трамп.
Миллиардер таъкид кард, ки ба ин иттиҳод кишварҳои дигар, ҳамчунин кишварҳои узви НАТО метавонанд шомил шаванд. Ба гуфтаи ӯ, иттиҳод метавонад дар оянда ҳамчун асос «барои корҳои дигар»-и ҳамкорӣ бо Русия хизмат намояд.
Чанде пеш Доналд Трамп изҳор намуда буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА имконияти ҳамкориро миёни Вашингтон ва Маскав бар зидди ДИИШ баррасӣ хоҳад кард, иттилоъ медиҳад «Izvestia.ru».








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






