Трешэр аввалин медали тиллои Олимпиадаи Риоро соҳиб шуд

Август 8, 2016 11:39

 Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари амрикоӣ Вирҷиния Трэшер, барандаи аввалин медали тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Ӯ дар мусобиқа оид ба тирандозӣ аз туфанги пневматикӣ ба масофаи 10 метр мақоми аввалро касб кард.Варзишгари 19-сола 208 имтиёз ба даст овард, ки ин рекорди нави олимпӣ дар даври ниҳоӣ ё финал маҳсуб мешавад. Барои Трэшер Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аввалин мусобиқоти бузурги байналмилалист.Ҷойи дувумро Ду Ли (207 имтиёз) аз Чин ва ҷойи севумро ҳамватани ӯ И Силин (185,4 имтиёз) соҳиб шуданд. Ёдовар мешавем, ки Ду Лии 34-сола қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ (2004, 2008), И Силини 27-сола ғолиби Олимпиадаи Лондон-2012 мебошанд.Дар Олимпиадаи Рио-2016 аввалин рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд, ки он ба Ким У Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи камонварӣ марбут аст.Хотирасон  менамоем, ки Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 август сурат мегиранд,ки дар  ин   олимпияда 207 кишвари  ҷаҳон иштирок мекунанд.

Август 8, 2016 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд