Тут ҳам ғизо ва ҳам давост
Рӯшон, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мавсими ғундоштани тут ба поён расид ва акнун сокинони деҳоти ноҳияи Рӯшон баъди хушку пок кардан онро ба фурӯш мебароранд. Ниёзмоҳ Сафарова, як тан аз сокинони деҳаи Дерзуди ҷамоати Вомар, ки бештар аз 30 сол боз ба парвариши дарахтони тут машғул аст, баён дошт, ки дар солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта парвариши кирми пилла дар вилоят роҳандозӣ шуд ва мардуми деҳот аз ҷамъоварии тут даст кашиданд. Дар ҳоле, ки ғизои асосии мардуми кӯҳистон тут ба шумор мерафт ва хурду бузург онро ҳамроҳ бо чой истеъмол мекарданд. Ва дар ёд надорам, ки касе дар деҳаи мо аз дарди гурда шикоят карда бошад.
Аз солҳои 90-ум ба ин сӯ сокинони деҳот боз дуввумбора ба парвариш ва нигоҳубини дарахтони тут машғул шуданд ва алъон ҳар як хоҷагӣ дар боғи худ аз 10 то 40 дона дарахти тут дорад. Ниёзмоҳ Сафарова мегӯяд, ки ду соли охир ба бозорҳои ноҳия ва шаҳри Хоруғ то 30 халта тутро бо нархи 6 сомонӣ барои як килограмм ба фурӯш мебарорад ва ба ин васила рӯзгори худ ва фарзандонашро таъмин менамояд.
Соли гузашта дар ноҳия бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ се корхонаи хурди коркарди тут ба кор андохта шуд, ки дар онҳо мутобиқ ба меъёри муқаррарнамуда тутҳо бастабандӣ шуда, ба бозору мағозаҳои вилоят ва пойтахти кишвар бароварда мешаванд. Ба гуфтаи соҳибкорон, ҳоло ба маҳсулоти онҳо сайёҳону соҳибкорони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи наздик тути Бадахшон ба яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ мубаддал гардад.












Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






