Тут ҳам ғизо ва ҳам давост

Август 17, 2016 13:56

Рӯшон, 17.08.2016. /АМИТ  «Ховар»/. Мавсими ғундоштани тут ба поён расид ва акнун сокинони деҳоти ноҳияи Рӯшон баъди хушку пок  кардан онро ба фурӯш мебароранд. Ниёзмоҳ Сафарова, як тан аз сокинони деҳаи Дерзуди ҷамоати Вомар, ки бештар аз 30 сол боз ба парвариши дарахтони тут машғул аст, баён дошт, ки дар солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта парвариши кирми пилла дар вилоят роҳандозӣ шуд ва мардуми деҳот аз ҷамъоварии тут даст кашиданд.  Дар ҳоле, ки  ғизои асосии мардуми кӯҳистон тут ба шумор мерафт ва хурду бузург онро ҳамроҳ бо чой истеъмол мекарданд. Ва дар ёд надорам, ки касе дар деҳаи мо аз дарди гурда шикоят карда бошад.
Аз солҳои 90-ум ба ин сӯ сокинони деҳот боз дуввумбора ба парвариш ва нигоҳубини дарахтони тут машғул шуданд ва алъон ҳар як хоҷагӣ дар боғи худ аз 10 то 40 дона дарахти тут дорад. Ниёзмоҳ Сафарова мегӯяд, ки ду соли охир ба бозорҳои ноҳия ва шаҳри Хоруғ то 30 халта тутро бо нархи 6 сомонӣ барои як килограмм ба фурӯш мебарорад ва ба ин васила рӯзгори худ ва фарзандонашро таъмин менамояд.
Соли гузашта дар ноҳия бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ се корхонаи хурди коркарди тут ба кор андохта шуд, ки дар онҳо мутобиқ ба меъёри муқаррарнамуда тутҳо бастабандӣ шуда, ба бозору мағозаҳои вилоят ва пойтахти кишвар  бароварда мешаванд. Ба гуфтаи соҳибкорон, ҳоло ба маҳсулоти онҳо сайёҳону соҳибкорони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи наздик тути Бадахшон ба яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ мубаддал гардад.

Август 17, 2016 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад