Устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба истиқболи Дилшод Назаров мебароянд
Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ профессор Қодирзода Диловар, устодон ва донишҷӯёни ин донишкада варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ба даст овардани ғолибият табрик менамоянд.
Профессор Қодирзода Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки боиси ифтихор аст дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Тоҷикистон дар Бразилия парафшон гашт.
«Ба даст овардани медали тилло ва унвони чемпионӣ аз ҷониби гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров воқеаи нодир буда, боиси фахр ва сарбаландии миллати тоҷик мебошад. Ин ғолибияти Дилшод Назаров барои садҳо варзишгарони тоҷик барои расидан ба қуллаҳои баландтарини касбият намунаи ибрат мебошад»,-баён намуд Қодирзода Диловар.
Тавре ки ректори донишкада хабар дод, пагоҳ, 26 август беш аз 300 нафар устодон ва донишҷӯёни ин донишкада ба истиқболи Дилшод Назаров мебароянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






