Вақти ҳунарнамоии Анастасия Тюрина дар Рио-де-Жанейро маълум шуд
Душанбе,12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 18:00 ба вақти Душанбе Анастасия Тюрина, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот аз рӯи намуди шиноварӣ тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат меварзад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Анастасия Тюрина дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод иштирок хоҳад кард.
Анастасия Тюрина дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз ҳама хурдсол аст ва 27 сентябр ба синни 15 хоҳад расид.
Ӯ хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти умумии № 28-и шаҳри Душанбе буда, бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок дорад.
Дар акс: шиновар Анастасия Тюрина (аз чап) ва Кристина Пронженко (варзиши сабук), аъзоёни дастаи яккачини илимпии Тоҷикистон.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






