Вакилони Маҷлиси намояндагон аз таътили тобистона баргаштанд
Душанбе, 15.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон имрӯз баъди таътили тобистона ба фаъолият шурӯъ карданд.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки баъди таътил вакилон корро дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон оғоз намуданд.
Интизор меравад, ки то охири сентябри соли равон вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар радифи фаъолияташон дар кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин дар минтақаҳо бо интихобкунандагон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Тибқи дастури Маҷлиси намояндагон, 1 октябр дар Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон буда, 63 вакил дорад, ки онҳо ба муҳлати 5 сол тавассути баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегарданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






