Вакилони Маҷлиси намояндагон аз таътили тобистона баргаштанд

Август 15, 2016 15:32

Душанбе, 15.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон  имрӯз баъди таътили тобистона ба фаъолият шурӯъ карданд.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки баъди таътил вакилон  корро дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон оғоз намуданд.
Интизор меравад, ки  то охири сентябри  соли  равон  вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар радифи фаъолияташон дар кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин  дар минтақаҳо бо интихобкунандагон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Тибқи дастури Маҷлиси намояндагон,  1 октябр дар Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси  намояндагон палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон буда, 63 вакил дорад, ки онҳо ба муҳлати 5 сол тавассути  баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегарданд.

Август 15, 2016 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад