Варзишгарбонуи ҷопонӣ унвони чемпиони чоркаратаи олимпиро соҳиб шуд
Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар таърихи Бозиҳои олимпии тобистона дар гӯштини тарзи озод як варзишгарбонуи ҷопонӣ чор бор пай дар пай унвони чемпиони олимпиро ба даст меорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Варзишгари ҷопонӣ Коари Ичо чорумин олимпиадаи тобистона аст, ки унвони чемпиониро аз даст намедиҳад. Ин варзишгарбону дар вазни то 58 килограмм тавонист дар рақобати ниҳоии гӯштини тарзи озод Валерия Кобловаро аз Федератсияи Русия шикаст диҳад. Ин рақобат бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи Коари Ичо ба анҷом расид.
Ҳамин тариқ, медали нуқраи олимпӣ дар гӯштини тарзи озод дар вазни то 58 килограмм ба Валерия Коблова ихтисос ёфт. Медалҳои биринҷии мусобиқаи мазкур дар ин вазн насиби варзишгарон Амри Марве аз Тунис ва Сакши Малик аз Ҳиндустон гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарбонуи ҷопонӣ Коари Ичо то кунун медалҳои тиллои олимпиадаҳои Афина-2004, Пекин-2008 ва Лондон-2012- ро ба даст оварда буд








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






