Варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар шаҳри Иркутск медали тилло ба даст овард
Душанбе, 24.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи дзюдо барои Ҷоми мири шаҳри Иркутск дар миёни ҷавонони соли таваллудашон 1997-1999 дар вазни +100 кило бар ҳамаи ҳарифони худ пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гашт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Паҳлавони тоҷик дар ин мусобиқа ҳарифони худ аз Русия, Муғулистон, Ҷопон ва дар даври ниҳоӣ варзишгари Қазоқистонро дар 10 сония мағлуб кард.
Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи мазкур 321 варзишгар аз 27 кишвари дунё ширкат варзиданд. Бояд зикр кард, ки дар баробари Хуршед Маҷидов, дар ин муосибиқа бародараш Ҷаҳонгир Маҷидов миёни наврасони соли таваллудашон 2000 дар вазни 81 кило дар даври аввал ҳарифаш аз Қазоқистонро шикаст дод ва дар даври дуввум аз паҳлавони ҷопонӣ мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин вазн паҳлавони дигари тоҷик Ёқубҷон Назиров, ки аз номи Русия баромад мекард, мақоми 3-юмро ба даст овард.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






