Варзишгарони Кения чорумин медали тиллои Рио-2016-ро соҳиб шуданд

Август 19, 2016 11:44

Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Кения чорумин медали тиллои олимпиро дар 31-умин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба даст оварданд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Мусобиқаҳои дав дар сабқати мардон ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо анҷом ёфтанд. Дар ин сабқат варзишгари Кения Консеслус Кипруто аввалин шуда, ба марра  расид ва соҳиби медали тиллои олимпӣ гардид. Дар ин намуди дав ҷойи дуюм насиби варзишгари амрикоӣ Эван Ҷагер гардид. Медали биринҷии ин сабқатро Эсекел Кембои аз кишвари Кения соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки кишвари Кения тавонистааст то кунун 7 медали олимпиро дар сабқатҳои дави Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро- 2016 ба даст оварад, ки 4 медали он тилло ва се медали дигараш нуқра мебошад.

Август 19, 2016 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе