Варзишгарони Кения чорумин медали тиллои Рио-2016-ро соҳиб шуданд
Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Кения чорумин медали тиллои олимпиро дар 31-умин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаҳои дав дар сабқати мардон ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо анҷом ёфтанд. Дар ин сабқат варзишгари Кения Консеслус Кипруто аввалин шуда, ба марра расид ва соҳиби медали тиллои олимпӣ гардид. Дар ин намуди дав ҷойи дуюм насиби варзишгари амрикоӣ Эван Ҷагер гардид. Медали биринҷии ин сабқатро Эсекел Кембои аз кишвари Кения соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки кишвари Кения тавонистааст то кунун 7 медали олимпиро дар сабқатҳои дави Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро- 2016 ба даст оварад, ки 4 медали он тилло ва се медали дигараш нуқра мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






