Варзишгарони ВМКБ бар ҳарифони суғдии худ ғолиб омаданд

Август 18, 2016 12:16

Душанбе, 18.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 1000 нафар дӯстдорони варзиш  дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди муҳорибаи тан ба тан байни ҷавонони вилояти Суғд ва ВМКБ иштирок ва кувваозмоӣ намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи мазкур бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  пешгирии нашъамандӣ миёни ҷавонон гузаронида шуда, мақсади асосии он ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва дур сохтан аз ҳар гуна кирдорҳои номатлуб мебошад.
Варзишгарони ВМКБ бо ҳисоби 5 бар 1 бар ҳарифонашон ғолиб баромаданд. Тасмим гирифта шуд, ки даври ояндаи мусобиқаи варзишӣ дар вилояти Суғд баргузор карда шавад.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба иштирокдорони мусобиқа ифтихорномаҳо ва мукофотҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуд.

Август 18, 2016 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад