Варзишгарони ВМКБ бар ҳарифони суғдии худ ғолиб омаданд
Душанбе, 18.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 1000 нафар дӯстдорони варзиш дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди муҳорибаи тан ба тан байни ҷавонони вилояти Суғд ва ВМКБ иштирок ва кувваозмоӣ намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи мазкур бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии нашъамандӣ миёни ҷавонон гузаронида шуда, мақсади асосии он ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва дур сохтан аз ҳар гуна кирдорҳои номатлуб мебошад.
Варзишгарони ВМКБ бо ҳисоби 5 бар 1 бар ҳарифонашон ғолиб баромаданд. Тасмим гирифта шуд, ки даври ояндаи мусобиқаи варзишӣ дар вилояти Суғд баргузор карда шавад.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба иштирокдорони мусобиқа ифтихорномаҳо ва мукофотҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






