Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
Кӯлоб, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар нимаи дуюми Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол бозиҳои хонагии худро дар майдони «Ҳосилот»-и Фархор мегузаронад. Ин дар ҳолест, ки бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад. Ҳоло корҳои навсозӣ дар варзишгоҳ бо маром идома доранд ва сохтмончиён умед доранд, ки таъмири варзишгоҳро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд. Ба ин восита имкон пайдо мешавад, ки қисмате аз бозиҳои даври дуюмро дастаи «Равшан»-и шаҳри Кўлоб дар майдони худ гузаронад.
Ба иттилои роҳбарияти клуби «Равшан»-и Кӯлоб, барои мустаҳкам намудани ҳайати даста футболбозони собиқи он Зариф Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов ва ҳамчунин Ҳиматулло Муллодустов аз дастаи «Барқчӣ» ба ҳайати даста даъват шудаанд ва умед доранд, ки натиҷаи бозиҳои ин дастаи овозадор дар нимаи дуюми чемпионат беҳтар мегардад.
Ҳоло дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар шаҳри Норак зери роҳбарии мураббиён ба тамринҳои давраи омӯзишӣ фаро гирифта шуда, барои бозиҳои нимаи дуюми мавсими имсола омодагӣ мегирад.
Ба иттилои сармураббии даста Иззатҷон Исҳоқов, дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои нимаи дуюми чемпионат дастаи «Равшан» бо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат як бозии дӯстона гузаронид, ки он бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
1 х бо акси варзишгохи Кулоб








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






