Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад

Август 20, 2016 11:46

Кӯлоб, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар нимаи дуюми Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол бозиҳои хонагии худро дар майдони «Ҳосилот»-и Фархор мегузаронад. Ин дар ҳолест, ки бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад. Ҳоло корҳои навсозӣ дар варзишгоҳ бо маром идома доранд ва сохтмончиён умед доранд, ки таъмири варзишгоҳро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд. Ба ин восита имкон пайдо мешавад, ки қисмате аз бозиҳои даври дуюмро дастаи «Равшан»-и шаҳри Кўлоб дар майдони худ гузаронад.
Ба иттилои роҳбарияти клуби «Равшан»-и Кӯлоб, барои мустаҳкам намудани ҳайати даста футболбозони собиқи он Зариф Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов ва ҳамчунин Ҳиматулло Муллодустов аз дастаи «Барқчӣ» ба ҳайати даста даъват шудаанд ва умед доранд, ки натиҷаи бозиҳои ин дастаи овозадор дар нимаи дуюми чемпионат беҳтар  мегардад.
Ҳоло дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар шаҳри Норак зери роҳбарии мураббиён ба тамринҳои давраи омӯзишӣ фаро гирифта шуда, барои бозиҳои нимаи дуюми мавсими имсола омодагӣ мегирад.
Ба иттилои сармураббии даста Иззатҷон Исҳоқов, дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои нимаи дуюми чемпионат дастаи «Равшан» бо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат як бозии дӯстона гузаронид, ки он бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
1 х бо акси варзишгохи Кулоб

Август 20, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад