ВКД гумонбарони ҷиноятҳои қаллобиро ошкор мекунад
Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18 августи соли равон ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 17 августи соли 2016 марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7200 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ба ҳамин монанд, марди 79-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо ариза муроҷиат намудааст, ки рӯзи 29.04.2014, марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат аз бовариаш истифода намуда, аз ӯ 3200 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнамегардонад.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан аризаи марди 47-солаи сокини ҳамин шаҳр дар он хусус ворид гардид, ки моҳи майи соли 2016 марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур ба бовариаш даромада, аз ӯ 31 790 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба мақомоти милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2016 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо ашёи рӯзгор, ҷамъ ба маблағи 3223 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи дуздӣ зани 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки 22.07.2016, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозааш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 4500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур зани 22-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд.
Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






