«Зодрӯзи рӯбоҳаки содаяк» ба табъ расид

Август 12, 2016 15:42

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нави нависанда, драматург ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Абдуғаффори Абдуҷаббор бо номи «Зодрӯзи рӯбоҳаки содаяк» аз ҷониби нашриёти «Адабиёти бачагона»  ба табъ расид.
«Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк» пиеса-масал барои наврасон ва театрҳои лӯхтак буда, солҳои 2011-2014 дар саҳнаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе ва Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд пешкаши тамошобинон гардонида шудааст.
Пиесаи мазкур соли равон дар Фестивали байналмилалии  театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намоиш дода шуд.
Дар «Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк» нависанда наврасонро ба ростгӯиву росткорӣ ва пос доштани дӯстиву дӯстпарварӣ ҳидоят мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Август 12, 2016 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе