«Зодрӯзи рӯбоҳаки содаяк» ба табъ расид
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нави нависанда, драматург ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Абдуғаффори Абдуҷаббор бо номи «Зодрӯзи рӯбоҳаки содаяк» аз ҷониби нашриёти «Адабиёти бачагона» ба табъ расид.
«Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк» пиеса-масал барои наврасон ва театрҳои лӯхтак буда, солҳои 2011-2014 дар саҳнаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе ва Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд пешкаши тамошобинон гардонида шудааст.
Пиесаи мазкур соли равон дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намоиш дода шуд.
Дар «Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк» нависанда наврасонро ба ростгӯиву росткорӣ ва пос доштани дӯстиву дӯстпарварӣ ҳидоят мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






