17 сентябр мавсими 76-уми театрӣ оғоз мегардад
Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мавсими 76-уми театрӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар барномаи консертӣ бештар асарҳои бастакорони тоҷик, рус ва хориҷӣ рӯи саҳна оварда мешаванд. Дар ин рӯз солистони опера, оркестри симфонии театр, ҳунарпешагони балет ва хори театр санъату маҳорати худро пешкаши тамошобинон мегардонанд.
Дар мавсими нави театрӣ аҳли эҷоди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои мухлисони худ барномаҳои рангин омода кардаанд.
Балети «Достон ва Рудоба»-и Шӯҳрат Ашӯров дар таҳияи Мария Левитская, операи якпардагии «Силва» дар таҳияи роҳбари бадеии театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, опереттаи «Найрангҳои Майсара» дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов бахшида ба 100-солагии бастакори маъруф Сулаймон Юдаков омода гардидааст, ки дар мавсими нав хотири ҳаводорони театриро шод мегардонанд.
Бод гуфт, ки театр барои мухлисони наврас низ намоиши нав- афсонаи мусиқии «Аладдин»-ро дар таҳияи Сӯҳроб Усмонов омода кардааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






