29 сентябр- Рӯзи умумиҷаҳонии дил: Камҳаракатӣ яке аз омилҳои хатарноки бемории дилу рагҳост
Душанбе, 29.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1999 ин ҷониб бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии дил 29 сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии дил дар тамоми ҷаҳон қайд карда мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз-баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба ин беморӣ ва аҳамияту заррурати тарзи ҳаёти солим мебошад.
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дил мухбири АМИТ «Ховар» бо Мирзо Нозимов, муовини директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дили шаҳри Душанбе оид ба ин беморӣ ва фаъолияти ин марказ ҳамсуҳбат гардид.
«Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил ҳамасола 29 сентябр бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дил як зумра чорабиниҳо баргузор мегарданд. Имсол низ дар ин рӯз мо як барнома таҳти унвони «Дилро ба дил раҳест» ташкил кардем, ки аз рӯи ин барнома дар назди бинои Марказ ва дар бахши қайду қабули машваратии дармонгоҳ беморонро ба таври ройгон фишорашонро санҷида, онҳоро аз сабти барқии дил гузаронидем. Инчунин дар ин рӯз аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои дил конфронси илмиву амалӣ баргузор гардид»,- зикр намуд М. Нозимов.
Зикр шуд, ки теъдоди бемороне, ки ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дили шаҳри Душанбе муроҷиат кардаанд, дар муддати нуҳ моҳ 4 ҳазору 413 нафар мебошанд, ки ҳамаи онҳо аз табобат гузаштаанд.
Ҳамчунин ҳамсуҳбат зикр намуд, ки ба ҳар як нафаре, ки аз 40- сола боло аст, новобаста аз оне, ки бемории дил дорад ё не, тавсия дода мешавад, ки ҳатман соле як ё ду маротиба аз сабти барқии дил ва муоинаи духтури дилшинос дар дармонгоҳҳои минтақавии худ гузаранд.
«Бояд гуфт, ки солҳои охир гирифторӣ ба бемории дилу рагҳо дар миёни ҷавонон бештар дида мешавад. Солҳои пеш ҷавонон ба ин беморӣ кам гирифтор мешуданд. Аммо сол ба сол мо мушоҳида карда истодаем, ки ҳатто ҳамин бемории сактаи дил ҳам ҷавон шуда истодааст. Яке аз сабабҳояш- ин камҳаракатии ҷисмонӣ мебошад. Солҳои пеш мардум бисёртар ҳаракати ҷисмонӣ мекарданд. Имрӯз бошад қисми зиёди ҷавонон бо мошин ҳаракат мекунанд ва дар пеши компютер нишаста бо интернет кор мебаранд, аз ин рӯ, дар онҳо ҳаракати ҷисмонӣ кам аст. Камҳаракатӣ — ин яке аз омилҳои хатари бемориҳои дилу рагҳо мебошад. Ҳамчунин риоя накардани парҳезу ғизои солим ҳам ба ин беморӣ оварда мерасонад. Сабаби дигар- ин асабоният, хастагии асаб аст, ки имрӯз дар ҳар як ҷавон ин ҳолат мушоҳида мешавад. Аз ин сабаб ин беморӣ дар байни ҷавонон зиёд гашта истодааст.
Бояд қайд намоям, ки пеш аз ҳама, саломатии ҳар як инсон дар дасти худи инсон аст. Онҳо бояд ба ғизои солим рӯ оваранд. Мо ба беморон тавсия медиҳем, ки бояд ҳар нафар ба варзиш машғул шавад ва бештар ҳаракат кунад. Дар баробари пайдо шудани ягон дард ё фишорбаландӣ ҳатман ба табиби минтақавии худ муроҷиат кунанд»,-иброз дошт М. Нозимов.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






