29 сентябр-Рӯзи байналмилалии баҳр: «Ҷаҳон бе киштӣ маънӣ надорад»
Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 29 сентябр дар ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии баҳр ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз соли 1978 бо қарори иҷлосияи даҳуми Ассамблеяи ташкилоти машваратии баҳрии байниҳукуматӣ (International Maritime Organization, IMO) таҷлил мегардад. То соли 1980 ин ид 17 март ҷашн гирифта мешуд. Баъдан қарор шуд то он ба моҳи сентябр гузаронида шавад. Соли 2016 мавзӯи Рӯзи байналмилалии баҳр «Ҷаҳон бе киштӣ маънӣ надорад» муқаррар гардидааст.
Мақсад аз таҷлили ин рӯз- ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зараре, ки ба баҳру уқёнусҳо аз моҳидорӣ, ифлоскунӣ ва гармишавии саросарӣ расонида мешавад, мебошад. Ду мақсади асосӣ дар ин самт- амният дар баҳр ва пешгирии ифлоскунии баҳрҳо, аз ҷумла бо нафт маҳсуб мешавад.

Бино ба маълумоти СММ, дар 100 соли охир моҳиҳои навъи самак, равғанмоҳӣ, марлин 90 % дошта шуданд. Тақрибан 21 миллион баррел нафт ҳар сол ба баҳру уқёнусҳо рехта мешавад. Партовҳои синтетикие, ки ба обанборҳои калон партофта мешаванд, сабабгори фавти миллионҳо паррандагон ва ширхораҳои баҳрӣ мегарданд. Дар 100 соли охир аз сабаби гармии саросарӣ сатҳи оби обанборҳои бузург 10-25 сантиметр боло шудааст. Аз ҳамин сабаб мавзӯи Рӯзи байналмилалии баҳр ҳар сол ба як мушкилӣ дар ин самт бахшида мешавад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зикр доштанд: «Набудани имконияти баромад ба баҳр имконияти ҳамгироии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкиро бо низоми бисёрҷонибаи тиҷорат душвор гардонида, ба дигар ҷанбаҳои рушди устувор таъсири манфӣ дорад. Аз ин рӯ, мо ҷонибдори ба кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ додани авлавият ва афзалияти зиёдтарин дар низоми тиҷорат ҳастем. Махсусан муҳим мешуморем, ки дар иртибототи нақлиётиву коммуникатсионӣ ҳама гуна монеаҳои беасос ва сунъӣ, ки онҳо ба танзиму таҳкими ҳамкориву шарикӣ мусоидат намекунанд, аз байн бардошта шаванд.
Дар робита ба ин, мо ба ҳамкории минтақавӣ дар чунин бахшҳо, мисли рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои роҳи оҳану автомобилгард, хатҳои интиқоли барқу лӯлаи газ таваҷҷуҳи хосса медиҳем».
Ҳарчанд Тоҷикистон ба баҳру уқёнус роҳ надошта бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ обанбори бузург-обанбори «Баҳри тоҷик» арзи ҳастӣ дорад. Сайёҳони хориҷӣ ҳар сол барои истироҳат ба ин минтақа меоянд. Обанбори дигар- ин обанбори Норак аст, ки бо табиати зебои худ сайёҳони зиёдро мафтун кардааст.
Обанборҳои Қайроққум ва Норак иншооти махсуси обтозакунӣ доранд, ки онҳоро аз ифлосшавӣ эмин медорад.













Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид






