3 сентябр- Рӯзи авиатсияи тоҷик
Душанбе, 2.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 3-юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рўзи кормандони авиатсия таҷлил карда мешавад.
3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои навъи Ю-13 аз Бухоро ба Душанбе парвоз кард. Ба ин тартиб ҳавопаймо дар кишвари мо 2 сол пеш аз автомобил ва 5 сол пеш аз қатора пайдо шудааст. Аллакай дар соли 1930 шаҳри Душанбе соҳиби фурудгоҳи дараҷаи аввал гардид ва як сол пас дар Кўлоб, Рашт, Данғара ва Панҷ низ фурудгоҳҳо сохта шуданд. Сохтори авиатсия дар даврони истиқлолияти кишвар рушди чашмгире ёфт ва акнун бархилофи даврони шӯравӣ қариб ҳамаи ҳавопаймоҳо тавассути мутахассисони тоҷик идора мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






