Қабули Конститутсия- аз ҷумлаи вазифаҳои таърихии марҳалаи аввали соҳибихтиёрии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон
«Ислоҳоти конститутсионӣ ва дар ин замина бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳои таърихии марҳалаи аввали соҳибихтиёрии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки ин иқдоми бузург 6-уми ноябри соли 1994 амалӣ карда шуд».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият дар ҳар давру замон новобаста ба давраҳои таърихӣ ва ҳукмронии салатанату сулолаҳои гузашта ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми мубориз, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти мо ба шумор мерафт.
Таърих собит месозад, ки ба даст овардани Истиқлолият дар сарнавишти куҳан ва тақдири миллатҳо пирӯзии бузургу бемисл маҳсуб мешавад ва ин падидаи бемисл ба осонӣ ба даст намеояд.
Барои муяссар шудан ба Истиқлолият мардуму миллатҳо роҳи тӯлонӣ, пурфарозу нишеб ва саршор аз муборизаву равандҳои зиддиятнокро паси сар мекунанд.
Дар айни замон низ дар сайёра мардумоне ҳастанд, ки барои озодиву истиқлол пайгирона талош намуда, барои даст ёфтан ба оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ ва арзишҳои миллӣ ҷони худро нисор мекунанд ва ҳамеша ба орзуи истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хеш мебошанд.
Дар тӯли беш аз ҳазор сол миллати фарҳангсолори тоҷик орзуи давлати мустақили худро мекард ва ормони падидаи муаззами истиқлол ҳамеша дар қалби ҳамагон неруву тавоноӣ мебахшид.
Танҳо бо ҳукми тақдир ба давлати мо муяссар гардид, ки дар ибтидои солҳои навадуми қарни сипаригардида соҳиби давлати миллӣ – Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, ҳувият ва суннатҳои давлатдории таърихии худро нигоҳ дорад ва мо дар муддати кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳон сазовори мақому нуфузи байналмилалӣ шавем.
Истиқлолият бо такя ба ормонҳои деринаи миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин ба мардуми тоҷик қувваи тавоное бахшида, барои таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошта, барои рушди муназзам ва устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаётии кишвар шароити зарурӣ фароҳам овард.
Истиқлолият ҳамчун бузургтарин неъмат ва тантанаи адолати таърих рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ, нишонаи бузургдошти таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро тақвият мебахшад.
Истиқлолияти давлатӣ барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ташаккули ҳокимияти судӣ, аз ҷумла мақомоти назорати конститутсионӣ мусоидат кард.
Дар ҳамин радиф имрӯз дар давлати демократӣ мақомоти назорати конститутсионӣ, яъне Суди конститутсионӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда адолати судиро ба амал бароварда, дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоият ва ҳифзи меъёрҳои Конститутсияи кишвар, инчунин таҳкими қонунияту адолати иҷтимоӣ нақши муфид дорад.
Дар Тоҷикистон таъсис ва ташаккули Суди конститутсионӣ бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, зеро маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат дар Тоҷикистон дар баробари дигар падидаҳои давлати демократӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ таъсис дода шуд.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухаронии худ дар конфронси байналмилалӣ ба муносибати 20-солагии Суди конститутсионӣ 17 сентябри соли 2015 зикр карданд: «…ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд.
Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун Роҳбари давлат ба таъсис ва мавҷудияти мақоми махсусгардонидашудаи назорати конститутсионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт.
…Бинобар ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назорати конститутсионӣ дар шакли махсусгардонидашуда- Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид ва санадҳои қабулнамудаи он қатъӣ эътироф карда шуданд».
Ҳамин аст, ки бо ташаббус ва дастгирии ҳамаҷонибаи Роҳбари давлат Суди конститутсионии кишвар таъсис ва рушду нумӯъ ёфт.
Назорати судии конститутсионӣ, ки аз ҷониби мақомоти назорати конститутсионӣ амалӣ карда мешавад, кафолати муҳиму самараноки ҳуқуқии таъмини волоияти ҳуқуқ ва иҷрои бечунучарои Қонуни асосии кишвар маҳсуб мешавад.
Мавҷудияти институти босамари назорати конститутсионӣ дар давлат ба сифати яке аз омилҳои асосӣ маънидод мегардад, ки вобаста ба он дар маҷмӯъ аз сатҳи демократикунонии ҷомеа баҳо додан мумкин аст.
Вобаста ба ин, метавон зикр кард, ки ташкили институти назорати конститутсионӣ ва пазируфта шудани он дар низоми муосири ҳокимияти давлатӣ дастоварди таҳавуллоти соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад ва бо таъсиси институти назорати судии конститутсионӣ кулли асосҳои конститутсионализми муосир сифатан тағйир ёфтанд.
Баамалбарории назорати конститутсионӣ- ин на танҳо эмин нигоҳ доштани Конститутсия, балки дар сурати ошкор гардидан ва муайян кардани халалдорсозии муқаррароти ҳимояи он ва ҳамзамон муқаррар кардан, нигоҳ доштан, мустаҳкам кардан ва барқарор кардани қонунияти конститутсионӣ ва тартибот мебошад.
Дар шароити муосир фаъолияти самараноки мақомоти назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон ба он мусоидат намуд, ки субъектони дорои ҳуқуқи муроҷиат ба он, зарурат ва муҳимияти муроҷиат ба ин мақомотро бобати таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниро аз ҳарвақта дида бештар дарк кардаанд ва шаҳодати ин сол аз сол афзудани шумораи муроҷиатҳо ба Суди конститутсионӣ мебошад.
Дар тӯли фаъолияти Суди конститутсионӣ нисбат ба зиёда аз сад дархосту пешниҳоди субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ санадҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Имрӯз ифтихорманд аз онем, ки мо соҳиби давлати миллӣ гардидем ва бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ниёгонамонро, ки кафили пешрафт ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд, эмин нигоҳ доштем. Дар зарфи чоряк соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ ба дастовардҳое ноил гардидем, ки онҳо ба ҳазорсолаҳо баробаранд.
Бинобар ин, мо бояд Истиқлолияту озодиро чун шоҳсутунҳои ҳастии миллат, кафили иттиҳоду ваҳдати миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ва гавҳари бебаҳо нигоҳ дорем ва ба сӯи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ва ояндаи неку осуда қадам гузорем.
Даврон Ҳошимзода
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ.