Ҳайати музофоти Хайнани Чин ба Тоҷикистон омад
Душанбе, 15.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябри соли 2016, ҳайати чинӣ таҳти роҳбарии аъзои Кумитаи доимӣ-сардори шуъбаи таблиғотии Ҳизби коммунистии музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тзюн ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Мақсади ташрифи ҳайати чинӣ- таҳким бахшидани робитаву ҳамкории байни Тоҷикистон ва Чин, хусусан дар соҳаи рушди сайёҳӣ мебошад, ки дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафараш ба музофоти Хайнани Чин даъват ба амал оварда буд.
Сафари ҳайати чинӣ дар Тоҷикистон то рӯзи 18-умисентябр идома хоҳад ёфт. Дар ин муддат меҳмонон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, АМИТ «Ховар», Ҳукумати шаҳри Душанбе, Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон ва ВАО мулоқот намуда, аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан менамоянд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






