Ҳайати Парлумони Тоҷикистон озими Боку мегардад
Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон пагоҳ, 27 сентябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ озими Боку- пойтахти Озарбойҷон мегардад.
Муҳаммадато Султонов- котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Озарбойҷон бо даъвати Октай Асадов- раиси парлумони Ҷумҳурии Озарбойчон сурат мегирад.
Интизор меравад, ки дар зарфи се рӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар кори форуми панҷуми байналмилалии Боку иштирок ва суханронӣ намоянд.
Ҳамзамон мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров -Раиси Маҷлиси намояндагон бо намояндагони баландпояи Озарбойҷон- Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, раиси парлумони ин кишвар Октай Асадов ва Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи майи соли 1992 барқарор гардида, Тоҷикистон соли 2008 дар Боку Сафорати худро боз намуд. Имрӯз ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар доираи Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда шуда, густариш меёбанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






