Ғалабаи дастаи «Ҳосилот» бар «Хуҷанд» дар меҳмонӣ
Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ«Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор дар бозии мавқуфгузоштаи даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 1200 нафар тамошобин баргузор шуд.
Голи ягонаро дар бозӣ Хайрулло Азизов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 31-ум ба ҳадаф расонд. Ҳамакнун дастаи «Ҳосилот» бо 25 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот боз ба ҷойи дувум баромад.
Хотирррасон менамоем, ки футболбозони ноҳияи Фархор нисбат ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бо 33 имтиёз дар ҷойи аввал аст, ҳашт имтиёз камтар гирифтаанд.
Дастаи футболи «Ҳосилот» нисбат ба дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва ССКА «Помир»-и Душанбе, ки бо 20-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд, панҷ имтиёз бештар ба даст овардааст.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 15-уми мусобиқоти лигаи олӣ 24-25 сентябр баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе се бозӣ байни дастаҳои — «Ҳосилот», ССКА «Помир», «Барқчӣ» «Вахш», «Хуҷанд» «Регар-ТадАЗ» ва рӯзи якшанбе ду бозӣ миёни дастаҳои «Равшан»- «Истиқлол» ва «Хайр»- «Парвоз» барпо мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






