Ҷамъбасти ҳамоиши «Нури маърифат» дар вилояти Суғд

Сентябрь 2, 2016 16:47

Душанбе, 02.09.2016. /АМИТ «Ховар» /. Бобати дастгирии оилаҳои ниёзманд ва камбизоат, махсусан кӯдакони маъюб ва дорои маълулият аз 1 август то 1 сентябри соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иқдоми «Нури маърифат» гузаронида шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, дар доираи чорабиниҳои ҳамоиши мазкур аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои ибтидоӣ бо ҷалби вакилони халк ва аъзою ҷонибдорони ҲХДТ хонандагон аз оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон ва махсусан кӯдакони маъюб ва дорои маълулият бо либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш таъмин карда шуданд. Ҳамоиши хайриявӣ дар Кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то 1 сентябр идома ёфта, дар маҷмӯъ дар қаламрави вилоят зимни баргузории ҳамоиш 6 ҳазору 523 нафар хонандагон фаро гирифта шуданд.
Волидон ва кӯдакони онҳо барои ғамхорӣ ва меҳрубонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо вазифагузории он кас ин иқдомҳо амалӣ гардида истодаанд, миннатдории бепоёни худро изҳор намуданд.

Сентябрь 2, 2016 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад