Ҷамъомади идона бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Сентябрь 9, 2016 11:25

Душанбе, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо дарки масъулиятшиносӣ дар бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар беш аз пеш ба комёбию дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст»,- зикр кард  директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ  Наҷмуддинов дар ҷамъомади  идона бахшида ба  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Воқеан ҳам натиҷаи дастовардҳои даврони истиқлолият дар рушду соҳаҳои иқтисодиёи мамлакат буд, ки аз соли 2001 то инҷониб музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳои гуногун зиёда аз 10 маротиба зиёд карда шуд. Соли равон  аз 1 июл музди меҳнат ва нафақа ва стипендияи донишҷӯён ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда шуд.
Дар ҷамъомад барои фаъолияти хуби корӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар як гурӯҳ кормандони  дастгоҳи марказӣ, раёсат ва шуъбаҳои  вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ бо ифтихорнома  ва  раҳматномаҳо сарфароз гардиданд.

Сентябрь 9, 2016 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад