Қарзи давлатии ИМА ба $19,5 трлн. баробар шуд
Душанбе, 02.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми умумии қарзи давлатии ИМА бори аввал ба $19,5 трлн. баробар шуд. Дар ин бора Вазорати молияи ин кишвар хабар додааст.
Ҳамчунин зикр карда мешавад, ки ҳангоми омадани Барак Обама ба мақоми президенти ИМА, ҳаҷми қарзи давлатии ин кишвар тақрибан $10,6 триллионро ташкил медод.
Интизор меравад, ки дар охири муҳлати раёсати президенти кунунӣ вомҳои давлатӣ аз $20 трлн. боло раванд.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи август Вазорати молияи ИМА қарзи давлатии кишварро барои нимсолаи дуюми соли 2016 $383 млрд. пешбинӣ карда буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






