Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ…

Сентябрь 16, 2016 17:03

Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои содиқона, софдилона ва иштироки фаъолона дар гузашти ҳарбӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандзанони милитсия, донишҷӯён ва нозирони ғайриштатии милитсия баргузор шуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳайати кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, донишҷӯён, нозирони ғайриштатии милитсия ва шаҳрвандонро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, гуфт: «Истиқлолият неъмати бебаҳо ва дастоварди бузурги миллати тоҷик буда, дар тӯли 25 сол Тоҷикистон ба як давлати тараққикарда ва мутамаддини дунё табдил ёфт. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар пешравиҳо ба назар расида, мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат баҳри ба даст овардани дастовардҳои бузург ва беназир сарҷамъона саъю талош меварзанд.
Зимни баргузории паради ҳарбӣ бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат ба гузашти кормандзанони милитсия баҳои арзанда дода, онҳоро бо маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд».
Рамазон Раҳимзода аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандзанони милитсия, донишҷӯён, нозирони ғайриштатии милитсия ва шаҳрвандони алоҳидаро бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои қиматнок қадрдонӣ намуд.

Сентябрь 16, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад