Ассотсиатсияи байналмилалии бокс низоми довариро дигар мекунад
Душанбе, 1.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз даъвову норозигии федератсияҳои бокси як қатор кишварҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-2016 нисбат ба доварии ҳакамони мусобиқоти бокс президенти ин ниҳод(AIBA) Чинг-Куо Ву арз кардааст, ки минбаъд низоми доварӣ дар ин самт тағйир дода мешавад.
Ӯ изҳор доштааст, ки дар интихоби доварон бесалоҳиятӣ зоҳир гаштааст ва дар ин ҷода таҷдиди назар мешавад. Аз ҷумла, мувофиқ кардани кори доварон дар мусобиқаҳо ва ворид кардани ислоҳот ба тарзи дурусти интихоби онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ассотсиатсия ба ҳисоб меравад.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






