«Авитсена» дар арафаи ҷашни Истиқлол дар Ҳисор фермаи ширию молиро таҷдид кард

Сентябрь 9, 2016 11:43

 Душанбе, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ширкати «Авитсена»   дар шаҳри Ҳисор  дар заминаи ҶДММ «Абдурауф Юсуфов» фермаи ширию молиро навсозӣ намуда, ба истифода дод.
Комил Холиқов, муовини директори ширкати «Авитсена» дар суҳбат ба хабарнигори  «Ховар» гуфт, ки  ин тадбир, яъне таҷдиди фермаи ширию молӣ бо мақсади  таъмини  аҳолии шаҳри Ҳисор ва пойтахти кишвар,  шаҳри Душанбе бо маҳсулоти  ширӣ  ва гӯштӣ андешида шудааст. Алҳол дар ферма 1000 сар чорвои  калони шохдор барои истеҳсоли гӯшту шир   парвариш мешавад, ки аз он 300 сарро чорвои ширдеҳи зоти голштин ташкил медиҳад. Комил Холиқов афзуд, ки бо таҷдиду навсозӣ ва мавриди  истифода қарор додани  фермаи чорвопарварӣ 47 нафар аҳолии маҳалӣ, ки 20 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Мавсуф афзуд, ки фермаи чорвопарварӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти  муосири  сохти олмонӣ ҷиҳозонида шудааст.  Дар як шабонарӯз дар ферма 3,500 литр шир истеҳсол гардида, дар асоси қарордод ба комбинати шири  Душанбе интиқол дода мешавад. Мудирияти ширкати «Авитсена» тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар назди ферма коргоҳи коркарди ширро ба роҳ монад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Авитсена» 20 сол муқаддам таъсис  ёфта, самти фаъолияташ ба рушди  истеҳсолот ва сохтмон нигаронида шудааст.

Сентябрь 9, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!